wrapper

                                                Дастурамали мансабии                 

мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт .
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт (минбаъд – мутахассиси пешбари шуъба аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори шуъба (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари шуъба иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси шуъба вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси пешбари шуъба бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

                                   2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft Powr Point) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъба дар давраи муваққатан набудани сармутахассиси шуъба уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.
  2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  4. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  5. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  6. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  7. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи шуъба дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори шуъба ҳисобот пешниҳод намояд.
  8. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  9. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  10. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Шуъбаро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  11. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори шуъба пешниҳод менамояд.
  12. Дар таҳияи нақшаҳои кории шуъба иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори шуъба иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  13. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро таъмин менамояд.
  14. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба таҳия менамояд.
  15. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти шуъбаро баррасӣ ва натиҷаи онро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод менамояд.
  16. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.
  17. Масъалаҳои коргузории шуъбаро пеш мебарад.
  18. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок менамояд.
  19. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  20. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари шуъба

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъба ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти шуъба, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри шуъба ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси пешбари шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбари шуъба

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъба дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дини»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси пешбари шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси пешбари шуъба супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии шуъба ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35